Душанбе, Таджикистан
+992 988869595info@admin.tj
it-tj-kz

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур як гурӯҳи меҳмонони аз Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳти роҳбарии муовини раиси Шӯрои ҶСК «Технологияҳои миллии иттилоотӣ» Дмитрий Андреевич Мун ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Бег Сабур дар бораи иқтидори ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори умедворӣ кард, ки оғози ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои миллии иттилоотӣ»-и Қазоқистон ба пайдоиши имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар татбиқи «ҳукумати электронӣ» дар ҳарду кишвар. Дар робита ба ин, ҷонибҳо роҳҳои ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро ҷиҳати рушди ҳукумати электронӣ баррасӣ карданд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои миллии иттилоотӣ» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкурро Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дмитрий Мун, муовини раиси Шӯрои ҷамъияти саҳҳомии «Технологияҳои миллии иттилоотӣ» имзо карданд.

Қобили зикр аст, ки ин меморандум самтҳо ва доираи масъалаҳои ҳамкориро дар бар мегирад, ки ба рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Хотиррасон менамоем, ки ҶСК «Технологияҳои миллии иттилоотӣ» оператори инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Ширкат соли 2000 таъсис ёфта, бузургтарин ширкат дар бозори технологияҳои иттилоотии Қазоқистон маҳсуб мешавад. Ширкат дар татбиқи ҳукумати электронӣ таҷрибаи бой дорад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳҳомии «Технологияҳои миллии иттилоотӣ» метавонад ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи босамари «ҳукумати электронӣ» такони нав бахшад.

Write A Comment