Душанбе, Таджикистан
+992 988869595info@admin.tj
tj2025-2030-min

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар порлумони кишвар пешниҳод кард, ки панҷ соли оянда – солҳои 2025-2030 – давраи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад.

Кӯлоб ба пойгоҳи аслии омода кардани мутахассисон барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ табдил хоҳад ёфт.

Ин қадам, ба гуфтаи ӯ, ба суръат бахшидан ба рақамисозии кишвар ва таҳкими мавқеи он дар муҳити технологии ҷаҳонӣ равона шудааст.
Дар доираи ин ташаббус татбиқи вазифаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

  • фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди босамари иқтисодиёти рақамӣ ва танзими фаъолияти инноватсионӣ.
  • ҷорӣ намудани технологияҳои 5G, ки суръати интиқоли маълумотро афзоиш медиҳад ва сифати хизматрасониҳои рақамиро беҳтар мекунад.
  • рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, соддагардонии дастрасии онҳо ва баланд бардоштани шаффофияти кори мақомоти давлатӣ.
  • Пешбурди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла ҳамгироии он ба иқтисодиёт ва менеҷмент.
  • Таъмини киберамният, ҳифзи маълумот ва пешгирии таҳдидҳои рақамӣ.
  • рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, ҳавасмандгардонии инноватсия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи IT.

Президент дар Паёми худ дастур дод, ки раванди омодасозии барномасозон ва дигар мутахассисони барои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва барномасозӣ пурзӯр карда шавад.

«Дар ин раванд фароҳам овардани шароити беҳтарин барои омода намудани кадрҳо, фароҳам овардани имтиёзҳои гуногун, ҳавасманд намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии пешрафтаи хориҷӣ муҳим дониста мешавад. Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад», – гуфт роҳбари давлат.
Ба донишгоҳи мазкур супориш дода шуд, ки дар баробари ин дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаву кафедраҳои дахлдор таъсис дода шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар муддати 4 моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ин масъала таҳия намуда, ба ҳукумат пешниҳод намоянд», – гуфт президент.

Вай таъкид кард, ки тайи панҷ сол барои рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 197 миллиард сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Дар Паём ба комьёбихо дар сохтмони объектхои социалй диккати махсус дода шуд.

Ба хамин тарик, кайд кард у, дар давоми се соли охир дар мамлакат сохтмони:

зиёда аз 1500 муассисаҳои таълимӣ,

660 муассисаи тандурустї,

470 иншооти варзишӣ,

175 муассисаи маданй-равшаннамой.

Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сокинон барои иштироки фаъолонаашон дар татбиқи ин лоиҳаҳо изҳори сипос намуда, саҳми онҳоро дар рушди кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Қаблан ӯ пешниҳод карда буд, ки ба тафтиши фаъолияти соҳибкорон ба муддати ду сол мораторий ҷорӣ карда шавад.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои нави порлумони Тоҷикистон ҷараён дорад ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш мешавад.