Намояндагони кишварҳои ИДМ барои баррасии рушди фазои ягонаи рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии иттилоотӣ ҷамъ омаданд.
Ҳайати Тоҷикистон барои баррасии дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи фанновариҳои рақамӣ вориди Ханти-Мансийск шуд.
Дар ин чорабинӣ, ки ба муносибати Анҷумани XIV байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ бо ширкати кишварҳои БРИКС ва СҲШ баргузор шуд, намояндагони ҳукумат, тиҷорат, молия, маориф ва расонаҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.
Мавзӯъҳои сессия иборатанд аз:
вазифаҳои табдилдиҳии рақамӣ дар таҳсилоти олии Тоҷикистон;
ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои кор дар ширкатҳои IT;
баррасии лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот;
ташаккул ва рушди фазои ягонаи рақамии ИА ва кишварҳои ИДМ дар шароити кунунӣ.
Илова ба рӯзномаи кунунӣ, масъалаҳои рушди стартапҳо ва барномаҳои дастгирии ширкатҳои ҷавон дар кишварҳои БРИКС ва СҲШ баррасӣ мешаванд.
Дар рафти боздид коршиносон воситаҳо, усулҳо, системаҳои идоракуниро мубодила мекунанд, ки ба шарофати онҳо донишҷӯён метавонанд салоҳияти худро такмил диҳанд.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаи байналмилалии “Рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни Округи мухтори Ханти-Манси ва Тоҷикистон” баргузор мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар факултаи иқтисодии ДДХ ду маркази омӯзишии инноватсионии бонкдории рақамӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар Донишгоҳи Хуҷанд марказҳои омӯзишии бонкдории рақамӣ ифтитоҳ ёфт
Мақсад аз таъсиси онҳо омода намудани мутахассисони соҳибихтисос бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва хизматрасонии бонкӣ мебошад.
Тоҷикистон ва Русия шарикӣ дар соҳаи IT-ро густариш медиҳанд
Starlink дар Тоҷикистон: Оё интернет барои сокинон дастрастар ва беҳтар мешавад?
Дастрасии интернет афзоиш меёбад, аммо ин ба арзиши умумӣ таъсир намерасонад. Ҳафтаи гузашта...
Душанбе ва Абу-Даби созишнома дар бораи рушди зеҳни сунъӣ имзо карданд
Интизор меравад, ки ин ҳуҷҷат ба суръатбахшии таҳқиқот, инноватсия ва тиҷорат дар соҳаи...
Тоҷикистон дар IT Парк биржаи криптовалютӣ ба кор медарорад
Мақомот қайд мекунанд, ки таъсиси IT-парк тадбири муҳимест, ки ба фароҳам овардани экосистемаи...


