Коршиносони ҷаҳонӣ сифати интернет дар Тоҷикистонро аз рӯи чанд меъёр арзёбӣ карданд ДУШАНБЕ, 4 октябр – Sputnik. Тоҷикистон ба рейтинги Index Quality Digital (DQL) шомил шуд. Аммо республика натичахои бад ба даст овард. Ба ин рейтинг 110 кишвар шомил буда, Тоҷикистон дар он мақоми 104-умро гирифт. Бар асоси ин пажӯҳиш, кишвар аз лиҳози дастрасии интернет дар ҷои 80-ум, амнияти электронӣ 93-юм ва аз рӯи ҳукумати электронӣ 105-умро ишғол кардааст.
Ҷумҳурӣ аз рӯи рушди инфрасохтори рақамӣ ва сифати интернет мутаносибан дар ҷойҳои 107 ва 103-юм қарор дорад. Муаллифони рейтинг қайд кардаанд, ки дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бадтарин робита ба Шабака дорад. Инро суръати интернети мобилӣ тасдиқ мекунад. Он ҳамагӣ 12,63 мегабит дар як сония дорад – яке аз пасттарин суръати интиқоли маълумот дар ҷаҳон. Бо дастрасии фарохмаҷрои Интернет корҳо беҳтаранд. Дар бахше аз ин нишондод Тоҷикистон дар зинаи 77-ум қарор гирифт.
Дастрасӣ ба шабака дар кишвар аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ тақрибан 70 дарсад бадтар аст. Тибқи ин раддабандӣ кишварҳои дорои холҳои баландтарин дар Аврупо ҷойгир шудаанд. Ҷойҳои аввалро соли дуюм аст, ки Дания ва Кореяи Ҷанубӣ ва Финландия ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Дар охири рӯйхат Эфиопия, Камбоҷа, Камерун, Гватемала ва Ангола қарор гирифтанд.