Душанбе, Таджикистан
+992 988869595info@admin.tj
8e04cb42c5fc59b75116e95442217f87-min

Ширкатҳои IT-и Русия ба рақамисозии иқтисоди шаҳри Душанбе машғул хоҳанд шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Чунин дурнамоҳо дар мулоқоти сафири Русия Семён Григорьев бо муовини аввали раиси пойтахти Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода баррасӣ шуданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои Душанбе бо бародаршаҳрҳои он – Маскав ва Санкт-Петербург сухан гуфтанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байнишаҳрӣ ҷузъи муҳими шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон мебошад.

Мусоҳибон ба густариши робитаҳо дар соҳаи гуманитарӣ, бахусус, дар масъалаҳои маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Сафири Русия мардуми Тоҷикистонро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфт

Гуфта мешавад, ки мулоқоти сафири Русия ва муовини раиси шаҳри Душанбе дар фазои гарми корӣ сурат гирифт.

Write A Comment

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.