Бахши IT-и Тоҷикистон, ки аз ҷониби Fifty Five Group муаррифӣ шудааст, дар намоишгоҳи пешрафтаи технологӣ дар пойтахти Уммон – Маскат дар Comex 2024 ширкат кард, хабар медиҳад Fifty Five Group.
Ба иттилои манбаъ, аз 27 то 30 май аз Comex 2024 беш аз 70 000 нафар дидан кардаанд. Таваҷҷуҳи асосии намоиши технологӣ ба технологияҳои муосир, ҳамкорӣ бо пешвоёни IT ва омӯхтани технологияҳои оянда дар бахшҳои гуногун буд.
Муаррифии саноати IT-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Comex 2024 аз ҷониби созмони мустақили Strategeast дар доираи Ташаббуси рушди оянда аз USAID ташкил карда шуд.
Ба гуфтаи ширкаткунандагон, Уммон ба дарёфти хидматҳои рақамии босифат таваҷҷӯҳ дорад ва имкони ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро дар рушди экосистемаи маҳсулот ва хидматрасонии кишвар баррасӣ мекунад.
Қайд карда шуд, ки Уммон саҳмеро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи баланд бардоштани таҷриба дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мегузоранд, дарк мекунад ва баҳои баланд медиҳад. Ин оғози ҳамкориҳои тӯлонӣ ва пурсамар дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ байни минтақаҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Имсол, Comex 2024 зиёда аз 80 баромадкунандагонро нишон дод. Дар доираи мубоҳисаи панелии “Авруосиё ва Уммон: ҳамкориҳои рақамӣ” намояндагони чанд кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз таҷриба ва дурнамои рушди бахши ТИ дар минтақа, инчунин бартариятҳои ҳамкориҳои миёни Кишварҳои халиҷи Форс ва ин бозор.